ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Чин аз марҳилаи анҷомёбии ваксинаи худ алайҳи маризии коронавирус хабар медиҳад. Ба гузориши Парс тудей, феълан озмоиши ин ваксин дар Бразилия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, дар худи Чин бинобар кам будани теъдоди маризони COVID - 19 озмоиши он ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Ҳукумати ин кишвар эълом намудааст, ки то тирамоҳи соли ҷорӣ ваксинаи чинӣ алайҳи маҳви маризии коронавирус мавриди истифода қарор мегирад.
Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд
Дар ҳоли ҳозир тибқи гуфтаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 13 ваксина дар саросари ҷаҳон дар ҳоли сохт аст.
Ёдовар мешавем, Русия низ аз омода шудани нахустин ваксинаш алайҳи коронавирус хабар дода буд.
Ду гурӯҳ ихтиёриён, ки дар озмоиши ин ваксин иштирок мекарданд, ахиран пас аз анҷоми озмоиш аз дармонгоҳ ҷавоб шуданд.
Пизишкон мегӯяд, ҳамаи ихтиёриён аллакай алайҳи ин маризӣ масуният пайдо карданд.