Боздошти кормади ҳукумати Кӯлоб аз суи Ожонси зидди фасод бо ҷурми заминфурӯшӣ

Ожонси зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар заминфурӯшӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Ожонсӣ Давлатов Саидмумин Гадомадович дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кор карда истода ба заминфурӯшӣ даст задааст.

Боздошти заминфурӯшон дар Хуҷанд: бо маслиҳати масъулини Кумитаи идораи замин мекардаанд

Ба иттилои манбаъ, номбурда аз шаҳрванд Мирова Соҷида Хушвахтовна барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани китъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб карда, онро тахминан моҳи майи соли 2019 гирифта, тасарруф намудааст.

“Инчунин, Давлатов Саидмумин Гадомадович  бо ҳамин тарзу усул аз шаҳрвандон Ҳақназаров М.А., Шарифзода М.А., Ҷамилова М.А., Ҷамилова М.А., Мирова М.Х., Назарова Н.Я., Орзуев И.Ҳ., Абдуллоева Д.А., Назаров З.С., Умаров Ҷ.О., Ибрагимов Қ.М. ва Суҳроби Р. дар маҷмуъ дар 12 ҳолати дигар ҷамъ маблағи 156000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати худ истифода намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Додситони кулл: раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд

Гуфта мешавад, оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов Саидмумин Гадомадович  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Боздошти ин корманди ҳукумати Кӯлоб дар ҳолест, ки раиси собиқи ин шаҳр Баҳром Иноятзода низ бо ҳамин ҷурм боздошт гардид, ки инро Додситони кулли Тоҷикистон низ таъкид кард.

“Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб барои дағалона вайрон кардани ҷиноятҳои марбут ба замин ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, - гуфт, прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.