Ақди никоҳ каму ҷудошавӣ ҳам кам: Кумитаи занон омори азҳампошии оилаҳоро гуфт

Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар замони пандемия дар кишвар теъдоди ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ҳилолбӣ Қурбонзода,  раҳбари Кумита имрӯз зимни нишасти хабарияш дар Душанбе гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 486 вайроншавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.

Давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон 5486 оила вайрон шудааст: аз ҳама зиёд дар Суғд

Номбурда гуфт, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 579 ҳолат камтар мебошад..

Ба иттилои раиси Кумитаи занон бақайдгирии давлатии ақди никоҳ давоми шаш моши гузашта  29 ҳазору 995 ададро ташкил додааст

Ёдовар мешавем қаблан ин оморро Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия
изҳор дошта, гуфт, аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ  ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд.

Номбурда гуфт,  бештари ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Cуғд ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 1922 мерасад.

Олимон омилҳое, ки хатари марги бармаҳалро зиёд мекунанд, гуфтанд: оилавайронӣ 45% 

Омори ҷудошавии оилаҳо дар Хатлон 1930 а, ВМКБ 80,  дар чор навоҳии пойтат 930 ва дар ноҳияҳои теби марказ ба 1323 мерасад, гуфт, Саодатбибӣ Сироҷзода.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд.