Марде, ки лучи модарзод дар кӯчаҳо мегашт бемори рӯҳӣ аст: пулис ӯро ба наздиконаш супурд

Навор аз гаштугузори як марди урён дар кӯчаҳои Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва ӯ аз ҷониби кормандони митилсия боздошт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Навори марди урён, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе сайру гашт мекард, санаи 27 - уми июл ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

Зимнан, кормандони милитсия ӯро боздошт ва муайян намуданд, ки номбурда Имомқулов Шарифи 39 - сола буда, зодаи ноҳияи Фархор аст.

Муайян гардид, ки Шариф дорои бемории рӯҳӣ буда, аз соли 2018 дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад.

"Номбурда санаи 26-уми июли солӣ ҷорӣ тахминан соати 17:00 аз манзили истиқоматиаш, ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Қуштеппа баромада, ба шаҳри Душанбе омадааст. Сипас санаи 27-уми июл ҳангоми дар кӯчаи Карамови ноҳияи Сино қарор доштанаш аз сабаби хуруҷи беморӣ либосҳояшро кашида дар кӯчаҳо мегашт", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, нозирони минтақавӣ ӯро дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карданд. Кормандони милитсия ӯро пӯшониданд ва ба хешовандонаш таслим намуданд.