Боздошти як сокини Деваштич барои латтукӯб бо чӯбдаст

Мувофиқи хулосаи Ташхиси тиббӣ-судӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Деваштич як мард ба иттиҳоми латтукӯб бо чӯбдаст дастгир шудааст.

Боздошти ду афғон ҳангоми убури марз ва мусодираи маводи мухаддиру силоҳ
Бино бар иттилои манбаъ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

"Номбурда, санаи 22-юми июли соли 2020, тахминан соатҳои 23:00, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба узвҳои бадани охирон зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст", - тавзеҳ медиҳад ҳодисаро манбаъ.

Мувофиқи хулосаи Ташхиси тиббӣ-судӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Дар Маскав аз ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шуд: боздоштшуда муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ

Нисбати гумонбаршанванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.