Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

Тибқи нишондодҳои ҳафтаи ахир ва инак навин арзиши пули сомонӣ заифтар мегардад ва асъори хориҷӣ, алалхусус евро, рӯз аз рӯз қиммат шуда истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз сешанбеи аввалаи ҳафтаи равон эълон кард.

Тибқи нишондоди он қурби 1 евроро аз 12.1248 то 12. 3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русиро барои имрӯз 0.1435 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта каме поинтар аст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3102 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум