Ҷамшед Табарзода гуфт, чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд

Тақрибан 24% аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, гуфт Ҷамшед Табарзода, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш изҳор дошта, гуфт, норасоии об дар марказҳои шаҳру навоҳӣ дида намешавад, он бештар дар деҳаҳо ба назар мерасад.

Мансурҷон Умаров ва Ҳикматулло Фаттоҳов маҳаллаи Лоҳутиро бо об таъмин карданд

"Масалан, сокинони ҷамоати Обурдони ноҳияи Мастчо, С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, Зарбдори шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Хуросон, баъзе деҳаҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, норасоии оби нӯшокиро аз сар мегузаронанд", гуфт роҳбари Хадамоти манзилию коммуналӣ.

Номбурда гуфт, айни замон лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба обтаъминкунӣ,  аз қабили Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии " Шимол-1 "ва" Шимол-2 " ва  Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои Хатлон, марҳилаи 2  татбиқ шуда истодаанд.

"Дар сурати татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо, дастрасии мунтазам ба оби нӯшокӣ аз 18000 то 20000 нафар аҳолии деҳоти кишвар таъмин карда мешавад",- гуфт Табарзода.

Ба гуфтаи вай, қарзи аҳолӣ, корхонаю ташкилотҳои кишвар барои истифодаи об дар назди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" 77 миллион сомониро ташкил медиҳад.