Вазири корҳои хориҷа дар бораи марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳамоно мураккаб аст

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазъи марз бо Афғонистонро, ки вацтщои ахир гуфта мешуд ноамн аст, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мураккаб боқӣ мемонад, гуфт Сардори Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Марз амн нест: дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон чӣ мегузарад?

Ӯ гуфт, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шимол Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон, мунтазам ба постгоҳҳои ҳукуматӣ ҳамла мекунанд.

"Мо вазъи ин минтақаҳои Афғонистонро бодиққат назорат карда истодаем ва барои пешгирии вуруди ҷангҷӯёни гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ ба қаламрави Тоҷикистон чораҳо меандешем", - таъкид дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки барои ҳимояи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистон аз Чин даъват кард ба интишори матолиби ғаразнок доир ба марз роҳ надиҳанд

"Машваратҳои дуҷониба ва табодули иттилоот мунтазам байни Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешаванд. Умуман гуфта метавонем, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати қатъӣ қарор дорад", - хулоса кард ӯ.