ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ин шумора 205 ҷасад аз Русия оварда шудаанд.
"Иддае аз онҳо тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва бархеи дигар аз роҳҳои заминӣ ба ватан оварда шудаанд", - гуфт Сироҷиддини Муҳриддин.
Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шурӯъ аз аввали апрели соли равон Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ 16 ҳазору 400 шаҳрвандашро, ба шумули 8 ҳазор нафарро аз Русия баргардонидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 10 ҳазору 623 нафар тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва 5 ҳазору 777 нафар тариқи роҳҳои заминӣ интиқол ёфтаанд.
Сироҷиддини Муҳриддин ҳамчунин аз интиқоли шаҳрвандоне, ки ба далели ихроҷ шудан дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия қарор доштанд, иттилоъ дода, гуфт, аз моҳи апрел ба ин сӯ 680 нафари ихроҷшуда ба ватан баргардонида шудаанд.
Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо
"Рӯзҳои 28 – 29 боз 200 шаҳрванди дигарамонро, ки ба далели нақзи қавонини Русия ихроҷ шуда, дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, интиқол хоҳем дод", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи гузашта тасмим гирифта буд, ки аз 25 июн то 31 июли соли равон 46 парвози чартериро аз шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва ғайра анҷом диҳад. Сироҷиддини Муҳриддин гуфт, ҳар ҳафта 10 парвоз анҷом мешуд ва ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки теъдоди парвозҳо афзуда шавад.
"Шурӯъ аз имрӯз, 27 июн, ба мо иҷоза дода шуд, ки ҳар рӯз ду парвоз анҷом диҳем. Ҳамин тавр, теъдоди парвозҳои чартерӣ ба 14 адад дар ҳафта мерасад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳоли ҳозир 42 ҳазору 603 нафар, аз ҷумла 31 ҳазор нафар тариқи почтаи электронӣ ва 11 ҳазору 803 нафар тариқи мактуб ба сафорату намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа барои бозгашт ба ватан ариза додаанд. Аз ин шумора 41 ҳазор ариза ба Русия рост меояд.
Русия ҳанӯз аз 18 марти соли равон эълон карда буд, ки ба далели ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" марзҳояшро ба рӯи тамоми кишварҳои ҷаҳон хоҳад баст. Охирин парвоз аз Русия 27 март анҷом шуда буд.