Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тоҷикистон дар давраи пандемия аз 15 давлат беш аз 4 ҳазор тоҷикистониро ба ватан овард

Сар аз моҳи марти соли ҷорӣ, замоне, ки маризии коронавирус ҷаҳонро домангир шуд, Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ беш аз 4 ҳазор тоҷикистониро ба ватан интиқол дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Аз давраи қатъи равобити ҳавоии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, беш аз 4 000 тоҷикистонӣ аз кишварҳои хориҷ ба ватан оварда шуданд. Дар ин роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро ба АМА дубора барқарор мекунад

Бар тибқи маълумоти агентӣ, аз мобайнҳои моҳи март Тоҷикистон самти Озарбойҷон, Афғонистон, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Италия, Қазоқистон, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Полша, Русия, Туркия, Ӯзбекистон ва Украина парвозҳои чартериро пиёда кард.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон аз 20 - уми март, бинобар бурузи маризии сироятии коронавирус ва ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии ин беморӣ дар кишвар, равобити ҳавоиро бо дигар давлатҳо масдуд намуд. 

Ҳамзамон, ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин вирус, шаҳрвандоне, ки тариқи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон ворид мешуданд, ба қарантини 14 рӯза фаро гирифта мешуданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман аз бурузи ин маризӣ дар кишвар рӯзи 30 - уми апрел хабар дод. То ҳол наздики 6 000 нафар дар Тоҷикистон ба коронавирус мубтало гардида, дасти кам 59 нафар қурбон шуданд.