Аквапарки "Обшорон" дар ин шабу рӯз бисёр серодам аст.
Зеро мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон, бинобар хатари паҳншавии маризии коронавирус дертар эълон шуд ва мардум ба хотири сироят нашудан,дар гармии тоқатфарсо кам ба маконҳои шиноварӣ мерафтанд.
Истироҳати бофароғат: гузориши аксӣ аз кули "Душанбе"
Аммо имрӯз аквапарки "Обшорон" серодам аст ва мардум бидуни тарсу ҳарос ба фароғату истироҳат машғуланд.
Дар ин аквапарк вобаста ба синну сол маконҳои алоҳида барои шиноварӣ муҳайё гардидааст.
Дар даромадгоҳ аз ҷониби масъулини аквапарк ҳарорати бадан санҷида мешавад.