Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон: аз манъи ҳаракати нақлиёт то таҷлили Иди Қурбон бо оила

Тибқи нишондодҳои ҳафтаи ахир ва инак навин арзиши пули сомонӣ заифтар мегардад ва асъори хориҷӣ, алалхусус евро, рӯз аз рӯз қимат шуда истодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон маҳдудиятҳои қарантинӣ то 15 август тамдид карда шуд, хабар додааст ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ.

Мақомоти Ӯзбекистон боз қарантина эълон кард: маҳдудиятҳо шадидтар шуданд

"Ҷорисозии маҳдудиятҳои карантинии қаблӣ натиҷаи мусбӣ нишон дод. Дар рӯзҳои охир вирус асосан дар байни онҳое, ки бо инфексия ва дар марказҳои карантинӣ дар тамос буданд, ошкор карда шуд", - омадааст дар хабар.

Бино ба гузориши Sputnik Ӯзбекистон, ҳама маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшуда то 15 август боқӣ хоҳанд монд.

Гуфта мешавад, бар асоси қарантина баргузории чорабиниҳое, ки дар он теъдоди зиёди шаҳрвандон ҷамъ меоянд, манъ аст ва шаҳрвандон бояд масофаи иҷтимоӣ дошта бошанду дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зиёда аз се нафар ҷамъ наоянд.

Ҳамчунин  ҳар як шахс бояд ниқобҳои тиббӣ пӯшад ва дигар намудҳои ҳимояи шахсиро истифода барад. Ба шаҳрвандони аз 65-сола тавсия дода мешаванд, ки дар хона бимонанд.

Фаъолияти корхонаҳои хӯрокворӣ, кӯдакистонҳо, бозорҳои либосворӣ, салонҳои зебоӣ ва дигар объектҳое, ки қаблан муваққатан муваққатан фаъолияташон маҳдуд буд, боқӣ мемонанд.

Вазъ мушкилтар шуд: коронавирус дар Ӯзбекистон дубора авҷ гирифт

Маҳдудият дар ҳамлу нақли байни минтақаҳо низ боқӣ мемонад ва танҳо саёҳат аз Тошканд ба вилояти Тошканд ва бозгашт истисно мебошад.

Сар аз 31 июл, 1, 2, 8 ва 9, ҳаракати мошинҳо (аз ҷумла таксиҳо) комилан қатъ карда мешавад. Дар ин рӯзҳо, бо қарори комиссияи ҷумҳуриявӣ, танҳо онҳое, ки нишонаҳо доранд ва қаблан низ иҷозат доштанд, метавонанд ҳаракат кунанд.  Ғайр аз он, дар ҳолатҳои сафар ба шаҳрванде, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё табобат аз ҷониби духтур ниёз дорад, иҷозат дода мешавад.

Ба шаҳрвандон инчунин тавсия дода мешавад, ки иди Қурбонро дар ҳайати оила доир намоянд ва дар ҷашн бояд ҳамаи қоидаҳои қарантинӣ риоя карда шаванд.