Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон

Тоҷикистон содироти неруи барқро ба Афғонистон ва Ӯзбекистон бинобар сабаби камбуди об дар дарёи Вахш кам кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати Барқи Тоҷик зимни нишасти хабарияш гуфт, содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то 40 мегаватт кам шуд.

Ӯзбекистон гуфт, воридоти барқ аз Тоҷикистон якбора коҳиш ёфт: об кам шудааст

Номбурда гуфт, содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон низ коҳиш ёфта, он аз 16 июл оғоз ёфта буд.

Ӯ ин ҳолатро ба кам шудани ҷараёни об дар дарёи Вахш ва азнавтақсимкунии шабакаҳо дар Афғонистон рабт дод.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, воридшавии об қариб 30% кам шудааст. Агар ба Афғонистон ҳамарӯза 320 МВт интиқол дода мешуд, имрӯз ин нишондиҳанда ба 40 МВт коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ду рӯзи охир сатҳи об дар дарёи Вахш баланд шуд, ки ба зиёд шудани содироти қувваи барқ ​​мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, давоми  шаш моҳ, ба Афғонистон 546,6 миллион кВт / соат нерӯи барқ ​​содир карда шуд, ки ин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон 358,3 миллион кВт / соатро ташкил медиҳад.

Чанд рӯз қабл хадамоти матбуотии Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон (НЭМ)  низ аз коҳиши воридоти барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон гуфт, чанд миллион киловатт соат барқ ба Ӯзбекистон содирот мекунад 

Ин ниҳод гуфтааст, бо сабаби нарасидани об дар обанборҳои Ҷумҳурии ҳамсояи тобистон, воридоти шабонарӯзии нерӯи барқ ​​ба ҳисоби миёна аз 12 миллион кВт / соат то ба 0.3 миллион кВт / соат кам шуд.

Манбаъ мегяд, Ӯзбекистон тасмим дорад ин холигоҳро аз ҳисоби вориди барқи Туркманистон пур созад.