Мақомоти Афғонистон: Тоҷикистон бино бар камбуди об содироти барқро қатъ кард

Идораи миллии Барқи Афғонистон эълом кард, ки ба далели камбуди об дар Тоҷикистон 310 мегават барқ аз 350 мегават барқи содиротии он кишвар ба Афғонистон қатъ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Идораи барқи Афғонистон (ширкати Буршно) имрӯз бо интишори иттилоияе эълом кардааст, ки бо кишвари Ӯзбекистон вориди гуфтугӯ шуда то коҳиши содироти барқи Тоҷикистонро аз Ӯзбекистон ҷуброн куна, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон

Акнун барқ дар шаҳри Кобул ва чанд шаҳри дигар қатъ шуда ва мардуми пойтахт дар авҷи гармои тобистон дар набуди барқ бо гармои шадид рӯбарӯ ҳастанд.

Ин вазъият ба зиндагии оддии мардум мушкилоти зиёде ворид кард.

Ширкати Буршно афзудааст, ки то замони тавофуқ бо кишвари Ӯзбекистон ва васли барқ, танҳо бемористонҳо ва идороти давлатӣ ба сурати навбатӣ аз манобеи дохилӣ истифода хоҳанд кард.

Вилоятҳои Кобул, Нангарҳор, Луғмон, Лугар, Пактё, Хӯст, Парвон, Панҷшер, Кописо, Бағлон ва қисмате аз вилояти Қундуз аз барқи воридотии Тоҷикистон истифода мекарданд, ки бо қатъи он, барқи ин вилоятҳо низ қатъ шудааст.