Хушхабари Муҳриддин: ҳамарӯза 2 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, аз ин ба баъд ҳафтаи 14 парвоз самти Тоҷикистону Русия амалӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Тоҷикистон минбаъд ҳамарӯза 2 парвози самти Русия анҷом медиҳанд. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳузури хабарнигорон гуфт.

Ба изҳори ӯ, ҳар ҳафта 14 парвоз самти Тоҷикистону Русия сурат мегирад.

"Сар  аз имрӯз, Тоҷикистон иҷозати амалӣ намудани 2 парвози ҳаррӯза самти Тоҷикистону Федератсияи Русияро гирифт. Минбаъд дар як ҳафта 14 парвоз амалӣ мешавад", - изҳор дошт вазири тоҷик.

Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон барои ба даст овардани иҷозатномаи амалӣ намудани парвозҳои ҳарруза ба Русия ба  ҳукумати он кишвар муроҷиат намуда буд.

Тоҷикистон дар давраи пандемия аз 15 давлат беш аз 4 ҳазор тоҷикистониро ба ватан овард

Маълум гардидаст, ки ҷониби Русия ба муроҷиати Тоҷикистон посухи мусбат доданд.