ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Икром Субҳонзода, раҳбари ин ниҳод имрӯз зимни нишасти хабарияш дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба роҳандозии парвозҳои мунтазам ба самти Русия гуфт, дар ҳоли ҳозир ягон давлат санаи дақиқи онро гуфта наметавонад.
Ӯ гуфт ин ба шароити феълии паҳншавии коронавирус рабт дорад ва ҳамаи мо медонем, ки дар кишвари мо вазъ ба эътидол омадааст.
Номбурда гуфт, дар пайи беҳ шудани вазъ дар кишвар, санаи 21 июл парвози байналмилалӣ дар самти Душанбе-Дубай-Душанбе ба роҳ монда шуд.
"Аз ҷониби Русия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон муроҷиатнома ворид гашт, ки ҷониби Русия омода аст, парвозҳои байналмилалиро миёни ду кишвар ба роҳ монад. Дар ҷавоб ба мактуби "Росавиатсия" Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон низ омодагии худро барои роҳандозии парвозҳо изҳор кард.
Мишустин: Русия равобити ҳавоиро боз мекунад, аммо на бо ҳамаи кишварҳо - навор
Субҳонзода гуфт, барои роҳандозии парвозҳои байналмилалӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия низ гуфтушунид идома дорад.
Ба таъкиди ӯ, ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки омодааст, парвозҳоро бо риояи ҳама талаботҳои беҳдоштӣ ба роҳ монад.