Боздошти ду афғон ҳангоми убури марз ва мусодираи маводи мухаддиру силоҳ

Шаби 23 - юми июл дар мавзеи қаторкӯҳҳои "Туюнтов" ду шаҳрванди Афғонистон ба далели ғайриқонунӣ убур намудани сарҳад боздошт шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон хабар медиҳад, ки аз роҳи ғайриқонунӣ марзи кишварро убур намуданд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: як тан ҳалок шуд ва яке гурехт

Котиботи ВУД Тоҷикистон мегӯяд, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрав, қасди интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ба таври қочоқ ва ҳамчунин ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ намуданд.

"Ду нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолиддин Валади Ёрмурод, соли таваллудаш 1972 ва Қалдов Аҳмад Чорӣ, соли таваллудаш 1990, сокинони вилояти Қундуз, шаби 23-юми июли соли 2020 дар мавзеи қаторкӯҳҳои "Туюнтов", ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав дар ҳолати ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҷасад мекофтанд: полиси Афғонистон панҷ сокини Тоҷикистонро озод кард

Зимнан, аснои тафтиши онҳо аз борхалтаашон миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт карда шуд.

Мувофики маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон маводҳои аз шаҳрвандони Афғонистон мусодирашуда, 14 килограмму 250 грамм маводи нашъадори навъи "афюн" ва 140 грамм маводи нашъадори навъи "ҳашиш", мебошанд.

Инчунин аз ҷойи ҳодиса 1-адад автомати Калашников, 5-адад тирдон бо 141-адад тир дарёфт ва мусодира гардид.

Зимни пурсиши дастгиршудагон муайян карда шуд, ки онҳо мехостанд воситаи нашъадорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароранд.