60 қурбонӣ: вазорат гуфт боз як гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон фавтид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта 60 - умин қурбонии маризии сироятии коронавирус ҷон аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Фавти боз як бемор аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи ахир боз як гирифтори дигари коронавирус ҷон аз даст дод.

Мақомот эълон кард: коронавирус дар Тоҷикистон аз куҷо шурӯъ шуд

Бо илова шудани охирин ҳолати фавт, теъдоди умумии қурбониён аз ин маризӣ дар Тоҷикистон ба 60 нафар расидааст.

Зимнан, дар муддати аз 30 апрел то 27 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 7235 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 6028 нафар ё худ 83,3%-и гирифторон шифо ёфтаанд.

"Шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — таъкид мешавад дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.