Қоҳир Расулзода аз шаҳраки Саразм дидан кард

Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қидмати он 5500 сол аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон бо сафар ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бо раванди омодагӣ ба таҷлил аз ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм ошно шуд.

 Қоҳир Расулзода ба ҳамроҳи Раҷаббой Аҳмадзода- раиси вилояти Суғд  дар шаҳри бостонии Саразм ҳузур ёфт ва бо сохти таъсисоти марбут ба ҷашни 5500 солагии ин шаҳр ошно шуд.

Ноиби сарвазир бо омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм шинос шуд
Дар чорчуби барномаи ин ҷашн, ки бо тасмими Созмони ЮНЕСКО баргузор мешавад, сохти осорхонаи осори бостонӣ, меҳмонхона барои пазироӣ аз меҳмонон, марокизи фуруши саноати дастӣ ва роҳҳои иртиботӣ оғоз шудааст.

Шаҳри бостонии Саразм, ки дар паи ковушҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон воқеъ шудааст.

Ин шаҳр дар соли 2010 дар рӯйхати осори ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО қарор гирифт.

Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қидмати он 5500 сол аст.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи намоиши ёдгориҳои Саразм кушода мешавад

Ашиёи бостонии бадастомада аз ин муҳавватаи бостонӣ, ки теъдоде аз онҳо мутааллиқ ба даврони ҳахоманишӣ аст дар осорхонаи шаҳри Панҷакент ва осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.