Мақомоти шаҳри Душанбе: савдои хориҷӣ дар пойтахт 9 дарсад афзоиш ёфт

Дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 29 корхонаву ташкилоте, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ахиран зимни нишасти матбуотӣ мақомоти шаҳри Душанбе элон кард, ки аз моҳи январ то марти соли равон ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба иқтисоди пойтахти кишвар 54,9 млн долларро ташкил додааст.

Азим Иброҳим аз тағйири намои шаҳри Душанбе истиқбол кард

Мақомоти шаҳр таъкид доштааст, ки имрӯз дар ҳудуди пойтахт 29 корхонаву ташкилот, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шудааст.  

Дар ҳамин ҳол, аз ин шумор 16 корхона аз ҳисоби сармоягузории мустақим ба маблағи 25,6 млн доллар ва 13 корхона аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 29,3 млн доллар кор мекунанд.

Ҳамзамон мақомоти пойтахт гуфтааст, ки айни замон дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз оғози амалисозии онҳо 434 млн доллар ва дар давраи ҳисоботӣ - 15,6 млн доллар маблағҳо азхуд шудааст.

Давоми шаш моҳи соли равон ҳаҷми савдои хориҷӣ дар пойтахт 216,7 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад зиёдтар мебошад.