Қарздорони калон дар Суғд: мақомот ном ба ном гуфтанд

Мақомоти идораи нозироти андоз дар вилояти Суғд аз афзоиши қарзҳои бузург таъкид намуда гуфтанд, ки кадом корхонаҳо чи миқдор қарзи то ин дам пардохтнашудаи андозӣ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андози Суғд ба суоли рӯзноманигорон дар бораи қарздортарин ширкату коргоҳҳо аз пардохти андоз посух гуфт. Номбурда зикр кард, ки дар ин давра, қарздорон маблағи андозро пардохт карда натавонистанд ва мизони қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳо зиёд шуд.

27 ҳазор арзу муроҷиат ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумат

 “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” ба ҳолати имрӯза зиёда 14 милион сомонӣ, “Кони ангишт” назар ба моҳи январ 1, 5 милион сомонӣ қарзаш зиёд шуда, ҷамъ ҳоло 18 милион сомонӣ қарз дорад, “Фузулоти нодири Тоҷикистон” наздик ба 9 милион сомонӣ қарз дорад, “Оби зулол” қариб 2 милион сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии манзилию комуналии шаҳри Хуҷанд 2, 9 милион сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хуҷандобуканал” 1, 7 милион сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии кабутизоркунӣ ва гулпарварии Хуҷанд қариб 1, 6 милион сомонӣ қарзӣ андозӣ доранд. Аз ҳисоби харидуфурӯш “Капитал Т” 1 милион сомонӣ, “Садбарг” и Истаравшан 1, 8 милион сомонӣ, “Сафарӣ” 744 ҳазор сомонӣ нисбати аввали сол маблағи қарзи андозро зиёд кардаанд”, - гуфт Воҳидов.

Кормандони мақомоти нозироти андоз дар вилояти Суғд бо қабули 1531 қарор, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 40, 1 милион сомонӣ қарзи андозҳоро рӯёнидаанд.

Бино ба иттилоъи Раёсати андоз, ҳоло бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят (бе назардошти Нозироти андозсупорандагони калон) 85, 3 милион сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба аввали соли ҷорӣ 323, 9 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ба ҳолати аввали моҳи июл, ҳаҷми қарзи андозсупорандагони хурд 85, 3 милион сомонӣ ва аз ҳисоби андозсупорандагони калон ба 55, 8 милион сомонӣ баробар шудааст.