Дастури муовини Сарвазир: камбудию норасоиҳоро дар бахши сармоягузорӣ бартараф кунед

Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунанда дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Далаталӣ Саид ба  роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои дастур дод. 

Кумитаи сармоягузорӣ ҳафт кишвари аслии сармоягузори Тоҷикистонро номбар кард

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи сармоягузорӣ Шерализода Шараф дар гузориши худ доир ба рафти татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар нимсолаи якуми соли соли 2020, дар бораи натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасоиҳои дар доираи лоиҳаҳо ҷойдошта, таъкид кардааст. 

Вай қайд таъкид кардааст, ки айни замон барои рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар  ба ҳолати 1 июли соли равон 66 адад лоиҳа ба маблағи умумии 36,1 миллиард сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо  23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.