ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз 2 316 мавориди нави гирифторшавӣ ба коронавирус хабар дод.
Ба иттилои Симо Содоти Лорӣ рӯзи шанбе 2316 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1298 298 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.
Донишмандони эронӣ дар тавлиди ваксинаи коронавирус пешрафт карданд
Лорӣ гуфт, теъдоди умумии маризони коронавирус дар Эрон ба 288 ҳазору 839 нафар расидааст, ки 251 ҳазору 319 нафар аз онон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Вай афзуд, дар 24 соати гузашта 195 нафар аз дардмандони ин маризӣ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 15 ҳазору 484 нафар расидааст.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 16 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 643 ҳазор нафар ҷон бохта ва беш аз 9 миллиону 760 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.