Вирус несту маҳдудият ҳаст: чаро дар Туркманистон бозорҳову бархе идораҳоро бастанд?

Мақомоти Туркманистон барои мубориза бо густариши бемориҳои сироятӣ бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ ва бархе идораҳоро таътил кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Ба қавли мақомоти Туркманистон дар кишвар то ҳол олудашавӣ ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст, аммо мақомоти ин кишвар ахиран аз маҳдудиятҳои нав барои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ эълон кард, ки бар асоси он бархе бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳо таътил шудан, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Коронавирус нест, аммо: дар Туркманистон пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ шуд

Бар асоси ин гузориш, бозорҳо ва марказҳои тиҷорӣ дар Туркманистон аз имрӯз то аввали август барои безараргардонӣ таътил хоҳад шуд, аммо дигар касаба ҳамчунон машғул ба кор хоҳанд буд.

Дар маконҳои ҷамъиятӣ низ шаҳрвандони Туркманистон бояд фосилаи 2 метриро риоят кунанд. Ҳамчунин фаъолияти масҷидҳо ва дигар ниҳодҳои мазҳабӣ қатъ шудааст.

Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ адами сабти мавориди корона дар Туркманистонро таъйид кардаанд, аммо афзоиши чашмгири омори бемориҳои сироятиро дар ин кишвар нигаронкунанда хондаанд.