Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

Чаҳор ҷавонзан, ки ҳамагӣ сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, поси шаб аз тарабхона дар ҳолати мастӣ баромада дар роҳ муноқиша сар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Навори муноқишаи 4 ҷавонзан дар яке аз кӯчаҳои Душанбе чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва аз мақомоти дахлдор даъват карда шуд, ки алайҳи авбошии духтарон чораандешӣ карда шавад.

Пул надиҳӣ аксҳоятро дар интернет мемонам: боздошти донишҷӯ барои “шантаж”-и ду духтар

Зимнан, Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо гузашти як соат пас аз пахши ин навор "қаҳрамонони" он дарёфт ва ба идораи милитсия бурда шуданд.

Манбаъ аз ҷавонзанҳои авбош, Қурбонова Замираи 19 - сола, Қувватова Марҷонаи 31 - сола, Назарзода Аниса Ғайрат ва Табарова Нигораи 22 - сола ном бурда, таъкид намуд, ки ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

Зимни сӯҳбат бо ҷавонзанҳо муайян гардид, ки онҳо рӯзи 23 - юми июл, соати 03:З0 дақиқа ҳангоми аз қаҳвахонаи "Ретпотайм" дар ҳолати мастӣ баромадан, дар роҳ ба муноқиша сар карданд.

Донишҷӯи Донишкадаи технологӣ ҳамраҳи 22 - солаи худро корд зада кушт - акс

Гуфта мешавад, Қувватова Марҷона, ки маст буд,Табарова Нигора ва Назарзода Анисаро дашномҳои қабеҳ дода, нисбаташон суханҳои ғайриахлоқӣ задааст.

Дар ҳамин ҳол, боздоштшуда Назарзода ба таври авбошона ба Қувватова дарафтода, зимни муноқиша бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дашному ҳақорат намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар вақти шабона дағалона вайрон намудаанд.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.

"Бо назардошти он ки дар тарбияи 3 нафар боздоштшудагон кӯдакони хурдсол қарор дорад, нисбати онҳо дар асоси қарори Суд ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда (580 сомонӣ) таъин карда шуда, нисбати Табарова Нигора ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 3 шабонарӯз таъин ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.