ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳри Ҳисор бо зиндагии хонаводаи табиб Талабшо Давлатов ошно шуда, бо аҳли оилаи онҳо хӯроки нисфирӯзӣ хӯрд.
Президент дар сари дастархон аз кадбонуи хонавода дар бораи таомҳои миллӣ пурсон шуд ва аз ҳунари кулчапазию нонпазии модарашон низ ёдоварӣ кард.
"Шумо қурутобро чӣ гуна омода мекунед, - пурсид президент. Бо фатири қад-қад, - посух дод соҳибхоназан. Дар навбати худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "мо қурутобро бо фатири қоқ мекунем. Ун фатир равған надорад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президент ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки чӣ гуна модарашон шакароб мекарданд.
"Модарони мо аз ҳиҷӣ якчӣ карда кӯдакоро сер мекарданд. Модари мо шакароба олучаи кӯҳӣ катӣ мекарданд. Олучаи кӯҳира хушк мекарданд ё кӣ меҷӯшониданд, кулча - мисли дӯлона мекарданд. Ҳамира зимистонда тар мекарданд. Баъд онро меҷафиданд донаҳоша мегиранд, дока катӣ меполанд, мисли чакка мешавад, баъд тезӣ меандозанд, гашничу қаламфур ҳамроҳ мекунанд, нони гарм қатӣ шакароби бомазза мешавад", - нақл кард Эмомалӣ Раҳмон.
Сюрпризи Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Давлатовҳо дар Ҳисор - видео
Ёдрас мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 июл аснои сафар ба шаҳри Ҳисор бо зиндагии хонаводаи Талабшо Давлатов дар деҳаи “Ҳаёти нав” ошно шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, дидан кард.
Ҳамин тавр, Президент ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд.