Ҷашнҳои рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту сеюми июл Рӯзи байналмилалии наҳанг буда дар Осетияи Ҷанубӣ — Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма ва дар Ҷумҳурии Абхазия — Рӯзи парчами давлатӣ мебошад
Sputnik

Рӯзи 23 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1880 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон неругоҳи барқи обии тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Соли 1881 дар шаҳри Лежаи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика таъсис дода шуд.

Соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.

Соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии «Муштарӣ»  («Юпитер»)  кашф гардидааст.

Ҷашнҳои рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд..

Соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба  футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо кард.

Ҷашнҳои рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар ҳошияи сафари расмии худ ба Чин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Женмин жибао» мусоҳиба дод.  Худи ҳамон рӯз С.Аслов мусоҳибаи видеоӣ бо телевизиони байналмилалии «Телевизиони марказии Чин» CCTV доир намуд, ки зимни он оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Чин, инчунин ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи ибтикори нави Раиси Чин «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» изҳори назар кард.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 23 июл

  • Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфин.
  • Дар Осетияи Ҷанубӣ — Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма.
  • Дар Ҷумҳурии Абхазия — Рӯзи парчами давлатӣ.

Рӯзи 23 июл кӣ ба дунё омадааст 

1910 — Пимен (Сергей Михайлович Извеков; соли даргузашт 1990), патриархи Маскав ва Русия (1971—1990).

1915 — Михаил Матусовский (соли даргузашт 1990), шоир рус.

1968 — Стефани Сеймур, мудели амрикоӣ ва ҳунарпеша.

Рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1955 – доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов.

Рӯзи 23 июл кӣ вафот кардааст

1875 — Исаак (Айзек) Меррит Зингер (соли таваллуд 1811), ихтироъкори амрикоӣ, ки навъи маъмултарини мошини дӯзандагиро ихтироъ кардааст.

1926 — Виктор Васнетсов (соли таваллуд 1848), рассоми рус.

Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфин

Ҳамасола сайёраи мо рӯзи 23 июлро чун Рӯзи наҳанг ва делфин таҷлил мекунад (World Whale and Dolphin Day). Ин ҷашн соли 1986 созмон дода шудааст, замоне, ки Комиссияи байналмиаллии наҳангҳо пас аз 200 соли шикори бераҳмонаи наҳанг ин корро мамнӯъ кард. 

То имрӯз ҳам шикор ва фурӯши гӯшти наҳанг қатъиян манъ аст. 

Вале шикорчиён барои нестшавии наҳангу делфин хатари ягона набуда, имрӯзҳо онҳоро бештар барои сиркҳо ва океанариумҳо ба дом меандозанд.

Ба ҳамин хотир имрӯз, натанҳо рӯзи ҳифзи наҳангу делфин балки ҳамаи намуди ширхораҳои обӣ мебошад.

Далелҳои аҷиб дар бораи наҳангҳо

Наҳангҳои кабуд бузургтарин ҳайвоноти сайёраи мо ба шумор мераванд. Дарозии бадани ин навъи ҳайвон то 33 метр расида вазнаш аз 150 тонна бештар мебошад.

Наҳангҳо қодиранд дар сардтарин обҳо шино кунанд, чун равғани таги пӯсташон онҳоро гарм нигоҳ медорад.

Вақти хоб наҳангҳо бо тадриҷ ба болои об баромада, нафас мегиранд, аз ин лиҳоз танҳо нимаи мағзи сарашон хоб меравад.

Ҷашнҳои рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Забони наҳанги кабуд 4 тонна вазн дорад. Забони ин ҳайвон чунон калон аст, ки метавонад то 50 кас дар он ҷой гирад.

Наҳангҳо метавонанд то 100 рӯз хоб нараванд ва то 10 моҳ чизе истеъмол накунанд.

Наҳангҳои навзод чанд тонна вазн доранд ва то 8 метр дарозӣ. Ҳар рӯз онҳо то 350-390 литр шири модарро мемаканд. Вазни наҳангҳои нимсола то 25 тонна мерасад.