Тасмими “Тоҷикфилм” барои сабти филм дар бораи COVID-19

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” тасмим дорад филмеро ба навор гирад, ки бозгӯи вазъи имрӯз дар пайи бемории COVID-19 бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Маҳмадсаид Шоҳиён, директори ин муассиса, зимни нишасти хабарияш гуфт, барои қабули сенарияи филм озмун эълон хоҳанд кард.

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

“Мо баҳри офаридани филми “COVID-19” барои қабули сенарияҳои ин филм озмун эълон мекунем ва хоҳишмандон метавонанд, сенарияҳои худро пешкаш намоянд. Дар ҳолати беҳтарин сенарияро ба даст овардан, мо сабти ин филмро шуруъ мекунем” ,-гуфт, Маҳмадсаид Шоҳиён.

Номбурда дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, мо ҳадаф дорем, ки ин лаҳзаҳои пур аз таззоди зиндагиро ба навор гирем, филме офарем, ки бозгӯи ин беморӣ ва ҳолатҳои имрӯза бошад ва ба ҳамагон маълум аст, ки чӣ гуна коронавирус ба иқтисодиёти тамоми кишварҳо зарбаи ҷиддӣ зад.

"Осимӣ" - филми Крис Шуллер, коргардони амрикоӣ дар бораи олими тоҷик

Ӯ гуфт, агар ин филм сабт шавад он метавонад, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳону соҳаи филмофариашро ба оламиён шинос намояд.

Ба гуфти Маҳмадсаид Шоҳиён, муассисаи “Тоҷикфилм” дар шашмоҳаи аввали соли 2020 се филми ҳунарии пурра, се филми бадеии кӯтоҳ, 10 филми мустанад ва як филми тасвирӣ омода намудааст.

Интизор бошед: "Тоҷикфилм" филми нав меофарад

Ба иттилои манбаъ, ниҳоди зертобеяш ҳамзамон дар шашмоҳаи дуюми имсол таҳия ва наворбардории ду филми ҳунарии пурра ва се филми мустанадро ба нақша гирифтааст.