Рустам Назарзода дар бораи сокинони зарардидаи Хуросон ва муҳлати охирини сохтмони хонаҳо

Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон вазъи сокинони зарардидаи Хуросон ва муҳлати охирини бунёди хонаҳоро гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарии Кумита гуфт, баъзе аз сокинони зарардидаи Хуросон ҳанӯз соли 2009 аз манзилҳояшон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд.

Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

Аммо ба гуфти ӯ, сокинон кумакҳои ҷудошударо гирифтанду дубора ба ҷойҳои худ баргаштанд.

“Ба онҳо барои сохтмони манзилҳои нав дар ҷойҳои бехатар замин ҷудо карда шуд ва онҳо аз ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмак гирифтанд, аммо баъдтар ба хонаҳои садамавӣ баргаштанд",-гуфт раҳбари Кумита.

Ҷаноби Назарзода гуфт ин масъаларо, ки чаро сокинон дубора ба хонаҳои садамавияшон баргаштанд, бояд ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқ кунад.

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

Ӯ гуфт, то миёнаҳои моҳи августи соли ҷорӣ хонаҳои нави сокинони зарардида пурра сохта, ба истифода дода мешавад.

Раиси Кумита инчунин гуфт, ки тибқи қарори комиссияи ҳукумат, дар ояндаи наздик боз 59 оила дар ноҳияи Хуросон  ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.

Кумаки соҳибкорони раштӣ ба зарардидагони Хуросон: 1000 сомонӣ ва орду шакару равған

Ёдрас мешавем, 14 май дар пайи боришоти зиёд ва омадани сели азим, 67 хонаи сокинони деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Партизани Хуросон хароб шуданд. Зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.