КҲФ зарари офатҳои табиии нимсоларо гуфт: 7 фавт ва...

Селевой поток в Таджикистане
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳалокати 7 нафар дар пайи офатҳои табиӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Рустам Назарзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарияш гуфт, тӯли 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 178 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон
Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

Ба таъкиди ӯ, аз шумораи умумии ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайд гирифташуда 17-тои он ба иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расонданд.

“Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 7 нафар ҳалок шуданд, аз ҷумла ду нафар аз фаромадани тарма, чор нафар дар пайи сел ва як нафар аз зарбаи барқ ​​ба ҳалокат расид”, - гуфт Рустам Назарзода.

Номбурда гуфт, дар натиҷаи офатҳои табиӣ, 102 бинои истиқоматӣ хароб шуданд аз он 41-то пурра, 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ хароб шуданд.

Ӯ гуфт, ҳамзамон аз офатҳои табиӣ  18,593,97 гектар майдонҳои кишт ва 6 пули шаҳру навоҳӣ хароб шуд.