8 соли зиндон ба сокини Ҳисор баъди бозгашт ба ватан: дар Русия таҷовузу дуздӣ кард

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба таҷовуз ва ғоратгарӣ муттаҳам дониста мешавад, пас аз баргаштан ба ватан равонаи зиндон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Сокини Ҳисор барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ва ҳамчунон таҷовуз ба номуси се зан дар Русия, маҳкум ба зиндон шуд, хабар медиҳад Прокуратураи олии Федератсияи Русия.

“Чор хизматчии ҳарбӣ”: тафсилоти нави парвандаи ҳамла ба “Ишқобод”

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон дар Екатеринбург се ҷинояти таҷовуз ба номус ва ҳамчунин ба ғорати яке аз ҷабридидаҳои худ муттаҳам дониста мешавад.

Ҳабибуллозода: кӯдакони овардашуда аз Ироқ ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд

Гуфта мешавад, пас аз содир намудани ҷиноят, номбурда пинҳон шуда, сипас ба Тоҷикистон баргаштаст. Аз соли 2016 ӯ дар пайгарди ҷиноӣ қарор дорад.

Зимнан, Прокуратураи Русия пас аз он ки макони будубоши муттаҳамшударо пайдо намуданд, ба ҳамтоёни тоҷики худ муроҷиат карданд.

 

Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон сокини Ҳисорро барои содир намудани дуздӣ ва таҷовуз ба номус ба 8 сол равонаи зиндон намуданд.

Зикр мегардад, мӯҳлати ҷазоро ӯ дар калонияи ислоҳӣ адо мекунад.