Сюрпризи Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Давлатовҳо дар Ҳисор - видео

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафар ба шаҳри Ҳисор бо зиндагии хонаводаи оддие ошно шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Навори боздиди Президент аз қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор дар шабакаи Youtube дар саҳифаи телевизиони Тоҷикистон нашр шудааст.

Талабшо Давлатов табиб аст ва 27 сол инҷониб ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ӯ бо аҳли оилааш масоҳати 0,10 гектарро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ босамар истифода менамоянд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавгилӣ кишти зироати лубиёгӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳамасола аз як замин аз ду то се ҳосил ба даст меорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, дидан кардааст..

Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Талабшо Давлатов баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ маҳз дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ кардааст.

"Ман аз он хушнудам, ки Пешвои миллат ба хонаи мо ташриф оварданд ва аз замини наздиҳавлигии мо дидан карданд", - гуфт Давлатов.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон хонаводаи Давлатовҳоро бе таваҷҷӯҳ нагузошт. Президент ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд.