ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, мувофиқи ҳисобҳои илмӣ имсол ид ба рӯзи ҷумъа 31 июл рост меояд.
Ӯ гуфт, намози Иди Қурбон дастаҷамъона доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз ба закру тасбеҳ дар хонаҳояшон машғул шаванд.
Бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ҷамъомади зиёди мардум манъ карда шудаанд ва дар доираи ин намози дастаҷамъона низ намешавад ва Маркази исломиву тамоми масоҷид низ ин хатарро ба назар гирифта, ходимони дин аз ин худдорӣ карда истодаанд.
"Азбаски мо дар ҳолати фавқулода ва маъмуливу ғайриоlдӣ қарор дорем, масоҷид баста аст, то бартараф шудани ин хатар. Дар ин ҳолат шариати исломӣ пешбинӣ кардааст, ки намозгузорон дар хонаҳои худ дар вақти намози ид ба зикру тасбеҳ мағул шаванд",- гуфт раиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар бораи чигуна дар ин ҳолат сурат гирифтани қурбониро низ шаҳр дод.
"Як нозукӣ мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ аст, ки дар сурате намози ид хонда намешавад, қурбонӣ пас аз пешин сурат гирад. Чаро ки инҷо бояд намози ид хонда мешуд, ҳоло намешавад ва ба ҳамин хотир қурбонӣ каме бо таъхир анҷом дода мешавад",-гуфт Абдулқодирзода.
Ӯ гуфт, як соат пас аз баромадани офтоб низ қурбонӣ ҷоиз аст, аммо афзалтару хубтараш он аст, ки пас аз пешин сурат бигирад ва савоб низ зиёдтар аст.