Мақомоти Варзоб: дар истироҳатгоҳҳо вазъи эпидемиологӣ хуб аст

Дар ноҳияи Варзоб 958 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамарӯза сайёҳон барои истироҳату фароғат ташриф меоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳияи  Варзоб дар нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки вазъи санитариву эпидемиологии истироҳатгоҳҳо хуб буда, аз тарафи ситоди ноҳиявӣ корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронда мешаванд.

Дар ноҳияи Варзоб дигар коронавирус нест?: мақомот ба муовини сарвазир чӣ маълумот доданд?

Вай афзуд, ки дар шаш моҳи соли равон аз мавзеъҳои истироҳативу таърихии ноҳия 9 942 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дидан намуданд.

“Паҳншавии бемории сироятии коронавирус сабаби кам гардидани даромаднокии соҳаи сайёҳӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ дар ин самт ба буҷети маҳаллӣ ҳамагӣ 546 857 сомонӣ ворид шуд”,- гуфт  Муҳаммадулло Шерализода.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, то 21 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6967 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5683 нафар ё худ 81,5%-и гирифторон шифо ёфтаанд.

Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Теъдоди умумии қурбониёни коронавирус, бар тибқи омори вазорати мазкур 57 нафар аст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 152 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.