Коршинос: талабот ба муҳоҷирон кам намешавад, вале бӯҳрон дер паси сар мешавад

Алексей Коренев таҳлилгар ва коршинос гуфт, кай бӯҳрони иқтисодӣ паси сар мешавад ва кори муҳоҷирон барқарор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Ба гуфти коршинос маълум нест, мавҷи дуюми коронавируси нави COVID - 19 чӣ қадар давом хоҳад кард ва оё мавҷи сеюм ҳам таҳдид мекунад ва то чӣ андоза ваксина қодир аст ин ваборо нест кунад.

"Мо бо бӯҳроне рӯ ба рӯ шудаем, ки дар қиёс бо бӯҳронҳои солҳои 98-99, 2008 ва 2014, омилҳои гуногуни номуайян дорад. Ин бӯҳрон бо ҳамагирӣ рабт дорад, ки пешгӯӣ карданаш душвор аст", - гуфт Коренев дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, бисёр муҳим аст, ки ҳукумати ин ё он кишвар аз ҷумла Русия ба мавҷи дуюму сеюм чигуна бархӯрд нишон хоҳанд дод.

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

Ба гуфти коршинос агар карантини ҷиддӣ ҷорӣ шавад ба ҳамагуна тиҷорат аз ҷумла тиҷорати хурд таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Тоҷикистону Русия сари нафақаи муҳоҷирин тавофуқ кардаанд – шарҳи мақомот

"Ва агар ҳам ба беморӣ нигоҳ накарда карантин эълон нашавад, иқтисод кам-кам барқарор мешавад. Вале рӯйдоде барои барқароршавии зуд эҳсос намешавад", - афзуд таҳлилгар.

Ба гуфти коршинос иқтисоди Русия бештар ба содирот нигаронида шудааст ва сатҳи истеҳсолот ҳоло паст аст ва ҳамаи ин ба рафъи бӯҳрон монеъ мешавад.

"Мо аз ин бӯҳрон дер мебароем, эҳтимолан дар давоми чанд сол", гуфт Коренев.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ба гуфти коршинос он соҳаҳое, ки муҳоҷирон банд ҳастанд чӣ дар пойтахт ва чӣ дар шаҳрваҳои дигари бузурги Русия зудтар аз бӯҳрон мебароянд.

"Ҳастанд чанд соҳае, аз қабили меъморӣ, роҳсозӣ, инфраструктураи шаҳрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар онҳо одатан муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ банданд. Ба чунин соҳаҳо доим талабот хоҳад буд", - афзуд таҳлилгар.

Гарчанде даромади воқеъӣ дар чунин соҳаҳо зуд барқарор нахоҳад шуд, вале ин соҳаҳо аз они муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, хулоса кард Алексей Коренев.