Гузориши акси аз "меҳмонӣ", чойхӯрӣ ва сӯҳбати раисҷумҳур дар як хонавода

Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Фалакон ба хонаводаи яке аз сокинон "меҳмон" шудааст.

Рӯзе дар “меҳмонии” Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳур ба хонаводаи Усмоновҳо ташриф оварда, аз замини наздиҳавлигии хонавода боздид ба амал оварда, бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.

 

"Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд,суҳбати самимӣ анҷом дод", - менависад дафтари матбуоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор, аз ҷумла яхдон, телевизиор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намудааст.

1 / 7
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаводаи як сокини ноҳи "меҳмон" шуд
2 / 7
3 / 7
Котиботи раисҷумҳур аксеро нашр кардааст, ки дар он раисҷумҳур сари дастархон бо аҳли хонавода нишастаст
4 / 7
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд,суҳбати самимӣ анҷом дод
5 / 7
Раисҷумҳур ба аъзоёни хонавода як баста китоб ҳадя кардааст
6 / 7
Афзун бар ин Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор тақдим намудааст
7 / 7
Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ хонаводаи Усмоновҳоро намунаи ибрат гуфт