Парванда алайҳи Қаҳҳоров барои таҷлили зодрӯзаш бо кӯдакон дар майдончаи варзишӣ:видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбат ба сокини 46 солаи пойтахт барои нақзи қонуни танзим парвандаи маъмурӣ боз кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе, барои таҷлили зодрӯз ва нақзи қонуни танзим сокини пойтахт Қаҳҳоров Нурулло ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Ба иттилои манбаъ,  номбурда саннаи 15-уми июли соли ҷорӣ, зодрӯзашро дар майдончаи варзишӣ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 72/2 ноҳияи Шоҳмансур бо ҷамъ намудани кӯдакони зиёде ва баргузор намудани зиёфату рақсу сурур таҷлил намудааст.

Манбаъ мегӯяд,  амали номбурда агар аз як ҷониб бар хилофи муқаррароти қонуни амалкунанда бошад, аз ҷониби дигар дар шароити имрӯзаи паҳншавии бемории ҳамагири коронавируси нави КОВИД-19 саломатии кӯдаконро зери хатар гузоштааст.

“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур айни замон нисбати шаҳрванд Қаҳҳоров Нурулло тибқи талаботи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба ниҳодҳои дахлдор ирсол карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.