Муноқишаи ду ҷавони маст назди тарабхонаи "Клеопатра": пулис онҳоро дастгир ва ҷарима кард

Нисбати ҳарду парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тартиб дода, ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошт ва ҷаримабандӣӣ ду ҷавон хабар медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ ҳамдигарро дар роҳ ҳақорат ва латукӯб намуданд.

Ба иттилоъ манбаъ, санаи 20-уми июли соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он саҳнаи муноқишаи 2 нафар ҷавонон дар назди тарабхонаи "Клеопатра" инъикос ёфтааст.

Авбошӣ: боздошт гардидани ноболиғ барои латукӯби ҳамсоли худ дар Душанбе

Муайян гардид, ки занозании ду ҷавон ҳанӯз моҳи пеш, аниқтараш рӯзи 19 - уми июн сурат гирифта буд. 

"Ҳодиса тахминан соатхои 01:00 дақиқаи шабона дар назди тарабхонаи "Клеопатра" воқеъ дар кӯчаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯх дода, нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Боздоштшудаҳо Баротов Фирӯзи 28 - сола, зодаи ноҳияи Восеъ ва Саидов Сулаймони 26 - сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипрозем дар ҳолати мастӣ назди тарабхонаи мазкур ҳамдигарро дашном ва мавриди мушту лагад қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол, нисбати ҳарду парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ гардиданд.