Илтиҳоби шуш ё COVID -19? Ба оилаи 4 устоди фавтидаи донишгоҳи Бохтар 6000 сомонӣ дода шуд

Ректори донишгоҳи Бохтар мегӯяд, ду омӯзгори ин муассиса гӯё аз маризии коронавирус фавтидаанд, аммо ба таври расмӣ ташхиси онҳо аз ин беморӣ собит нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Чор устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар дар шаш моҳи ахир ҷон бохтанд. Гуфта мешавад ду омӯзгор маҳз аз маризии коронавирус даргузаштанд.

Панҷ устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз коронавирус ҳалок шуданд

Дар ҳамин ҳол, имрӯз ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин дар ҷамъи хабарнигорон фавти 4 омӯзгорашро тасдиқ карда гуфт, ки сабаби фавти ду омӯзгори донишгоҳи онҳо гӯё ин гирифторӣ ба бемории коронавирус будааст.

"Аммо ростӣ дар бораи оне, ки онҳо аз бемории ҳамагир фавтидаанд, ягон ташхис надорем", - афзудаст Давлатзода.

Зимнан, манобеи "Pressa. tj" аз қавли Маҳмадкарим Шарифов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар медиҳад, ки сабаби фавти ду омӯзгор бемории илтиҳоби шуш ва ду нафари дигар аз ҳисоби дигар беморӣ аст.

Манбаъ меафзояд, маъмурияти донишгоҳ ба оилаҳои омӯзгорони фавтида дар умум шаш ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақта расонидааст.

Қаблан ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ тасдиқ намуд, ки панҷ омӯзгори ин донишгоҳ аз ҳисоби мубталошудан ба маризии коронавирус фавтиданд.