Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Владимир Путин омори фавт аз коронавирус дар Урупоро арзёбӣ кард

Президенти Русия Владимир Путин омори фавт аз коронавируси COVID - 19 дар кишварҳои Урупоро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Сатҳи фавт аз бемории коронавирус дар ҳудуди Русия дар муқоиса бо кишварҳои Урупо пасттар аст, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин.

"Ҳама зид буданд": Путин дар бораи боздид аз Коммунарка

Путин қайд кард, ки сатҳи фавт дар Русия 1,5 % - ро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар баъзе аз кишварҳои Урупо ин нишондод ба 13 дарсад баробар аст.

Ба гуфти Владимир Путин сатҳи фавт аз нишондиҳандаи муҳими кори мақомоти тандурустии ин ё он кишвар шаҳодат медиҳад.

Путин гуфт Русия COVID - 19 - ро бо камтарин талафот паси сар мекунад

"Дар кишварҳои бо низоми хуби кори соҳаи тандурустӣ, дар давлатҳои бойи Урупо сатҳи фавт 8, 10, 11, 13%-ро ташкил медиҳад. Дар бархе аз кишварҳо - чун Белгия ва Бритониё ин нишондод то 15 дарсад мерасад. Дар мо - 1,5 % гуфт, Владимир Путин зимни суҳбат бо кормандони корхонаи киштисозии "Залив".

Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар Русия то 20 июли соли равон 777,4 ҳазор кас мубталои коронавирус шуда, 12,4 ҳазор шаҳрванд ҷони худро аз даст додааст.

Дар баробари ин Русия аз ҷиҳати сатҳи фавт аз коронавирус миёни мамолики ҷаҳон ҷойи 11-умро ишғол мекунад.

Дар ҷойи аввал аз ҷиҳати марг аз коронавирус ИМА бо 143 ҳазор ҳолати фавт қарор дорад. Мақоми дуюм бо 79 ҳазор ҷонбохта аз Бразилия ва Бритониё бо - 45,3 ҳазор фавт дар ҷойи сеюм меистад.