ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса чанд рӯз пеш сар задааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан дастгир карда шуд.
"Номбурда санаи 17-уми июли соли 2020, тахминан соатҳои 21:00 дар кӯчаи Д.Боло аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба пушташ задааст", - менависад ВУД Тоҷикистон.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.