Олимон шаш шакли коронавируси навро муайян карданд

Нишондодҳои клиникии муайяни коронавирус метавонад чигуна пушти сар шудани ин бемориро дар оянда муайян кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Олимон аз Коллеҷи подшоҳии Лондон шаш шакли асосии коронавируси навъи навро муайян карлаанд, иттилоъ медиҳад  Sky News дар истинод ба таҳқиқоти олимон.

Олимон дар натиҷаи таҳлили маълумот дар бораи нишонаҳои коронавирус дар бадани 1 600 сокинони Амрико ва Англия ба ин хулоса омадаанд.

Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

Тадқиқот нишон додааст, ки нишондодҳои муайяни клиникии коронавирус метавонад нишонаи сангинии гузаронидани бемориро дар оянда муайян кунад.

Нахустин се шаклро олимон шартан сабук номиданд, зеро ҳамагӣ ба 4,4 дар сади беморон кӯмаки респираторӣ лозим шудааст.

Дар ду шакли аввал нишонаҳои мигрен, дарди гулӯ ва эҳтимоли гум кардани бӯй ва мазза дида мешавад. Баъзан беморон аз дарди мушакҳои қафаси сина шикоят мекунанд. Шакли сеюм асосан дар намуди шикамравӣ зоҳир мешавад.

Ҳангоми шакли дувуми он баланд шудани тасфи будан, гирифтани гулӯ ва беиштигӣ ба назар мерасад.

Се намуди дигарро коршиносон вазнин арзёбӣ кардаанд.

Ҳангоми шакли чоруми беморӣ бемор доим беҳол аст, бӯй ва маззаро гум мекунад, тасфаш баланд мешавад ва дард дар қафаси сина ва сулфа ҳам мекунад.

Дар шакли панҷуми беморӣ, ҳамаи нишонаҳои шакли чорум ва "саргарангӣ", дарди гулӯ, беиштигӣ ва дард дар мушакҳо ҳамроҳ мешавад.

Фавти 70 маризи коронавирус дар як рӯз: омори даҳшатбор дар Қирғизистон

Шакли аз ҳама сангини коронвирус, шашумаш аст, ки тамоми нишонаҳои 5 шакли боло ба ҳам меоянд.

Олимон таъкид кардаанд, ки нисфи беморон бо нишонаҳои шакли шашуми коронавирус ба табобат дар бемористон иҳтиёҷ доранд, аз гирифторони шакли аввал бошад 16 дар садаш ба беморхона интиқол ёфтаанд.