Марги фоҷиабори мудир ва омӯзгори мактаби ятимони Ёвон ва шарҳи ВУД - акс

Мудири Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва омӯзгори мактаби мазкур дар пайи як садамаи пурқурбонӣ ва фоҷиабор ҳалок шуданд. Вазорати маориф изҳори ҳамдардӣ намуда, ВКД ҳодисаро шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Директори Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон Бобошозода Лутфиниси Сангинмурод ва омӯзгори муассисаи мазкур Давлатов Парвиз Маҳмадюнусович  ҳангоми бозгашт аз Душанбе тавассути рохи мошингарди Рудаки-Ёвон ба садама дучор ва ба ҳалокат расидаанд. 

Тавре сухангӯи Вазорати муориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мудир ва омӯзгори мактаб барои хариди маводи таъмирӣ барои мактаб ба Душанбе сафар карда буданд ва дар роҳи баргаштан ин фоҷеа рух додааст.

"Шаб вазир барои таъзия ба хонаашон рафта буданд. Онҷо гуфтаанд, ки онҳо ба Душанбе барои хариди  маҳсулоти таъмири мактаб рафтаанд ва ҳангоми бозгашт садама рух додааст", - афзуд вай.

Марги фоҷиабори мудир ва омӯзгори мактаби ятимони Ёвон ва шарҳи ВУД - акс

Тавре ВКД Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро шарҳ додааст, ҳодиса санаи 19-уми июли соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Давлатов Парвиз Маҳмадюнусович, соли таваллудаш 1989, ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейни ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Актрес-Дулан” таҳти идораи ронанда Додобоев Далер Назирович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Истаравшан ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ёвон ҳаракат мекард бархӯрдааст", - менависад манбаъ.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Давлатов П.М ва мусофирони дар дохили автомашина буда Бобошозода Лутфияи Сангинмурод, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Бохтар ва Собирова Эронбӣ Тиллоевна, соли таваллудаш 1973, шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Марги фоҷиабори мудир ва омӯзгори мактаби ятимони Ёвон ва шарҳи ВУД - акс

Мусофирони дигари дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” буда Исматов Рустам Тиллоевич, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе ва Умедаи Хуршед, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Восеъ бо ҳамроҳии фарзандонаш, Қодиров Анушервон, соли таваллудаш 2015, ва Қодирова Роҳила, соли таваллудаш 2017, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.