ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Қудрат Давлатзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон ё “Тоҷикстандарт” дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ин маҳсулоти ғизоӣ пастсифат ва ғайристандартӣ буда, аз сӯи соҳибкорони тоҷик ба кишвар ворид шудаанд.
“На худи кишварҳо, балки соҳибкорони худи мо онҳоро ворид карданд. Ин маҳсулот аз рӯи сифат ба талаботи ҳуҷҷатӣ меъёрӣ мутобиқ набуданд”, - гуфт Қудрат Давлатзода.
Тибқи иттилои “Тоҷикстандарт”, 98,9 тон хурмои хушк, 25 тон қайлаи помидор, 19,6 тон карамел ва 7 тон хамиртуруш дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи поён, марзи Тоҷикистону Афғонистон ва 5 тон ирису 2,5 тон тушбера дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сӯи Хадамоти гумрук боздошт шуда, пас аз санҷиши “Тоҷикстандарт” тибқи низоми “реэкспорт” дубора ба кишварҳои мавриди назар баргардонида шудаанд.
Соҳибкорон 30 тонна маҳсулотро ба “Тоҷикстандарт” супоридаанд, то нобуд кунад
Дар умум, ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли 2020 дар 2081 ҳолат 999 ҳазору 677 килограм маводи ғизоии гуногуни пастсифат, аз ҷумла 473 ҳазору 483 килоро аз ҷиҳати бехатарӣ ва бақия – 526 ҳазору 194 килоро барои тамғагузорӣ дар борҷома боздошт карда, аз муомилот хориҷ кардааст.