Ғоратгарӣ дар рӯзи равшан: сокини Ваҳдат ҳамёни духтари 24 - соларо рабуда ғайб зад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як ҳолати ғоратгарӣ дар рӯзи равшан хабар дод. Ғоратгар аз дасти ҷавонзани 24 - сола ҳамёнашро тасарруф намуда, фирор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Кормандони ШВУД дар шаҳри Ваҳдат сокини 38 - солаи ин шаҳрро дастгир намуданд, ки дар ғоратгарӣ муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини 35-солаи Исфара бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба иттилои котиботи ВУД, ба шӯъбаи милитсия дар шаҳри Ваҳдат ҷавонзани 24 - сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд.

Ахбори ВУД: ғоратгарӣ дар Данғараю кордзанӣ пеши бозори “Суғдиён”

Ба изҳори номбурда, рӯзи 17 - уми июл, тахминан соати 10:10 - дақиқа дар назди пули дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар кӯчаи Роҳатии ҳамин шаҳр, шахси номаълум бо тариқи ошкоро аз дасташ ҳамёнашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

"Дар дохили ҳамён 35-сомонӣ, 1-адад телефони тамғаи "Самсунг-5" ва шиносномаи соҳиби ҳамён буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 500 - сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, кормандони милитсия марди 38 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори ғоратгарӣ дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.