Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Қалби Ҳабиб шикастааст, аммо ӯ ба набард бо Гэтҷи омодааст: шарҳи менеҷери қаҳрамон

Менеҷери Ҳабиб аз омодагии ӯ ба набарди қарибулвуқӯъ бо қаҳрамони муваққати UFC дар вазни сабук Ҷастин Гэтҷи хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Менеҷери размикори доғистонӣ гуфт, Ҳабиб на танҳо падар, балки мураббӣ, роҳнамо ва беҳтарин дӯсташро аз даст дод. Бо вуҷуди ин, Ҳабиб ба идомаи фаъолияти варзишии худ идома медиҳад, изҳор доштааст Алӣ Абдул - Азиз дар мусоҳиба бо нашрияи TMZ.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳабиб соли равон бо рақиби амрикоии худ Ҷастин Гэтҷи қувва меозмояд.

"Ҳабиб на танҳо падари худро, балки мураббӣ, роҳнамо ва дӯсти беҳтаринашро аз даст дод. Ҳама медонанд, ки Хабиб ва падараш чӣ қадар наздик буданд. Ӯ қалби шикаста дорад, аммо муборизаашро идома медиҳад. Зеро ин орзуи Абдулманап буд, ки писараш дар ин намуди варзиш муваффақ шавад ва истеъдоди худро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Ман бар ин назарам, ки Гэтҷи рақиби сазовор барои Ҳабиб аст", - гуфт Абдул - Азиз.

Ҷастин Гэтҷи субҳи 9- уми май Тони Фергюсонро мағлуб кард ва ба гирифтани камарбанди қаҳрамони муваққатӣ дар вазни сабук сазовор гардид.

Жан-Клод Ван Дамм дар бораи Абдулманап ва ҳамдардӣ ба Ҳабиб: ҳамеша эҳтиром мекардам

Размикори амрикоӣ 22 муҳориба анҷом додааст ва ду мағлубият дорад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

Ҳабиб бошад, 28 муборизаро бидуни мағлубият анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов 3 - юми июл пас аз ду моҳи маризӣ фавтид. Абдулманап Нурмуҳаммадов ба маризии коронавирус мубтало шуд ва ҳамчунин ҳам сактаи қалбӣ ва ҳам мағси сар шуд. Пизишкон сактаи қалбашро шифо бахшиданд, аммо сактаи мағзи сари ӯ бидуни тағйир монд ва мураббии номӣ ба ҳуш наомада, ҷон аз даст дод.