Ҳабибуллозода: кӯдакони овардашуда аз Ироқ ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд

Раҷабмо Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, мегӯяд, ноболиғоне, ки соли гузашта аз Ироқ ба Ватан баргардонда шуданд, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҳабибуллозода ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт,  84 кӯдаке, ки соли гузашта аз Ироқ ба Ватан баргаштанд, дар мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои кӯдакона ҷойгир шуданд.

Ҷазои ҷавоне, ки худро корманди мақомоти зидди коррупсия гуфта, аз мақомдорон пул гирифт

Ӯ афзуд, ки барои кӯдакон тамоми шароитҳо муҳайёст ва онҳо таълимашонро идома медиҳанд. Нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли ваколатдори ҳуқуқи кӯдак таъкид кардааст, ки хешовандонашон ҳар моҳ омада аз ҳоли кӯдакони овардашуда аз Ироқ хабар мегиранд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки кӯдакон пурра ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштаанд, таъкид кардааст Хабибуллозода.

Моҳи апрели соли гузашта 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Инҳо асосан фарзандони афроде буданд, ки ба сафи созмони террористии “ДОИШ”, мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия пайвастанд. Баъди ҳабс ё кушта шудани волидон бисёре аз кӯдакони ноболиғи шаҳрвандони Тоҷикистон б есаробон монданд ва мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои дигару созмонҳои байналмилалӣ кӯдаконро ба Ватан баргардонданд.