Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон охирин омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирусро то имрӯз пешниҳоди рӯзноманигорон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус ва беҳбудии ҳудуди 238 000 нафар дар кишвар хабар дод.

Посухи сафорат ба "пайғамбар аз Самарқанд", ки Чинро ватани COVID - 19 хонд - акс

Симо Содоти Лорӣ, рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар изҳор дошт, ки “бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 182 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 324 маврид бистарӣ  шуданд ва ба бақияи беморон ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд”

Сомонаи Парстудей аз қавли Лорӣ афзудааст, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 273 788 нафар расидааст, афзуд:

Ба иттилои манбаъ, дар тӯли 24 соати гузашта, 209 нафар аз беморони коронавирус ҷони худро аз аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 14 188 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 237 788 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.