Афзоиши ҷиноятҳои марбути маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноятҳои марбути маводи мухаддир дар кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Салимзода, дар нимсолаи аввали соли равон 80 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят ё 6,7 фоиз зиёд мебошад.

Ғоратгарӣ дар рӯзи равшан: сокини Ваҳдат ҳамёни духтари 24 - соларо рабуда ғайб зад

Манбаъ афзуд, ки аз ин шумора 53 ҷиноят марбути муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 1 ҷиноят вобаста ба фасодхонаҳо, 5 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор ва ғайраро ташкил медиҳанд.

“Агарчӣ дар ин давра мусодираи маводи нашъаовар кам шуда бошад ҳам, мусодираи героин ва моддаҳои псхиотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар доранд, зиёд шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 1649 ҳаб ва 14,545 кг моддаҳои психтропии синтетикӣ дар намуди кристалл мусодира гардид, ки 8,8 кг ё 2,5 баробар назар ба соли гузашта зиёд мебошад”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Салимзода.

Ожонс афзуд, ки тайи шаш моҳ фаъолияти 26 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 57 нафар, аз ҷумла, 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дар ҳайати 7 нафар ошкор ва қатъ карда шудаст.