Маҷбур мешаванд: чаро зодагони Осиёи Марказӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд?

Коршиноси рус, узви ассотсиатсияи гурӯҳи зиддитеррори "Алфа"-и Русия, подполковники мустаъфӣ Андрей Папов тавзеҳ дод, ки чигуна гурӯҳҳои террористӣ шаҳрвандонро ба сафашон ҷалб мекунанд
Sputnik

Вазъ ба миллат ягон рабте надорад, мегӯяд Адрей Попов дар робита бо боздошти муҳоҷири навбатӣ аз Осиёи Марказӣ ба иттиҳоми узвият ба сафи гурӯҳҳои террористӣ.

Терроризм миллат ва дин надорад, афзуд коршинос.

Маҷбур мешаванд: чаро зодагони Осиёи Марказӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд?

Ҳамчунин вай тавзеҳ дод, ки чаро дар бештари ҳолатҳо шаҳрвандон аз Осиёи Марказӣ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мешаванд.

"Онҳо аз зиндагии вазнин, аз вазъи мушкили иқтисодӣ дар бештари ин минтақаҳо маҷбур мешаванд, ки ба он ҷо раванд. Ман касеро сафед карданӣ нестам. Ҳастанд нафароне ки ба ҳеҷ ваҷҳ даст ба ин корҳо намезананд", - гуфт ӯ.

Андрей Попов афзуд, на дар ҳама ҳолат ҳаммаслакони террористон барои пул ҷалб мешаванд: гоҳо узви хонаводаҳои онҳоро асир мегиранд.

Ба вазъ ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, идеология, ки асосаш таҳрифи ислом аст, низ таъсир мерасонад.

Терристон барои осон кардани корашон, нафарони заифирода ва бесаводро интихоб мекунанд.

Подполковники мустаъфӣ дар анҷом таъкид кард, ки феълан, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба тиҷорат табдил ёфтааст, ҳамагуна зикри онҳо дар расонаҳо ба манфиати онҳо анҷом ёфта метавонад.